zoofirma.ru

Дар толори Мактаби санъати шаҳри Гулистон дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон байни толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр  баргузор гардид, ки дар он дастаи «Чоргонаи хандонак»-и Адрасмон, дастаи «Comedy Чоруқ»-и Чоруқдаррон, дастаи «Табассум»-и Консой ва дастаи толибилмони МТМУ №14 иштирок варзиданд.

Ҷойи якум насиби дастаи МТМУ №14, ҷойи дуюм дастаи Чоруқдаррон ва ҷойи сеюм насиби дастаи Адрасмону Консой гардид.