zoofirma.ru

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси ҳар як сокини бонанги ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, алҳол дар сафи он садҳо нафар ҷавонписарони садоқадманди гулистонӣ сарбаландона қарзи фарзандии худро адо менамоянд.

Хурсандиовар аст, ки ба зикри ҷонишини директори генералии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Мирзафар Зарифов дар ин корхона дар масъалаи ба кор қабул намудан афзалиятро ба он нафароне медиҳанд, ки адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ намуданд. Алъон дар ширкати номбурда беш аз 10 нафар ҷавононе, ки дар хизмати Ватан-модарро ба ҷо оварданд бо кори мувофиқ ва маоши хуб таъмин карда шудаанд.

Ба қарибӣ дар вазъияти тантанавӣ ба сарбози ба рухсати эҳтиётӣ ҷавобшуда Шоҳрух Эркабоев фармони ба кор қабулшавиро дар идораи маъмурии корхона супориданд. Чунин иқдом боиси рӯҳбаландии ҷавонон гардида, солҳои охир сафи ихтиёрони ҷавонони синусоли даъватӣ меафзояд.