zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади ботантана ба ифтихори Рӯзи кормандони нозироти андоз баргузор тгардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода кормандони мақомоти нозироти андозро бо иди касбиашон шод намуд. Зикр гардид, ки  дар солҳои истиқлолияти давлатӣ сиёсати андозбандӣ ва андозситонӣ на танҳо дар мадди аввали сиёсати молиявӣ-иқтисодии кишвар қарор дорад, инчунин барои ғанӣ гардондани даромади буҷети давлат онро такмил дода, тағйироту иловаҳои нав ба нав ворид мегардад.

Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аст.

Сипас дар вазъи тантанавӣ ба Нозироти андози шаҳри Гулистон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба кормандони фаъоли нозироти андоз туҳфаҳо супорида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон