zoofirma.ru

Тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон «Дар бораи муқаррар намудани Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр» дар МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ” озмуни шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар озмун 45 нафар хонандагони синфҳои 8-11 аз 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуда, аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ дониши хонандагон бо гузаронидани санҷишҳои хаттӣ аз фанҳои забони модарӣ, алгебра, забони русӣ, забони англисӣ ва асосҳои информатика - тариқи тест, навиштани диктант ва иншои  хурд (эссе) санҷида шуд.

Комиссияи озмун 25 нафар беҳтаринҳоро, ки аз 31 хол то 63 хол гирифтаанд, муайян намуда барои гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон пешниҳод карда шуд.