zoofirma.ru

ГУЛИСТОН. Баҳри тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дар гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  мулоқот бо омӯзгорону хонандагон баргузор гардид. Инчунин дар мулоқот оид ба масъалаҳои маҳсуб ба ҷавонон ва пешгирии кирдорҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дигар масоили марбути ҷавонон баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки дар Паём мақоми ҷавонон махсус таъкид гардида, омӯхтани илмҳои замонавӣ, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва масъулияти ватандории ҷавонон дастур дода шудааст.

АДРАСМОН. Дар толори ҷамоати шаҳрак ва муассисаҳои таълимии №7 мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар он нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ тавзеҳ дода шуданд.

СИРДАРЁ. Дар муассисаи таълимии № 8 мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тавзеҳи Паёми Президенти кишвар доир гардид. Дар вохӯрӣ тарғиботчиён доир ба нуктаҳо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зикр доштанд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамои ояндаи дурахшон буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзӣ  тақозо менамояд.

Дар мулоқот ва вохӯриҳо ҷавонон ва иштирокчиён баромад намуда,  шукронаи даврони истиқлолият карда, изҳор доштанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат сармашқи зиндагӣ ва меҳвари калидии фаъолияти пурсамар мебошад.