zoofirma.ru

Дар Кохи варзишии «Истиқлол» марҳилаи якуми мусобиқаи шаҳрӣ бо иштироки 20 нафар оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бо мақсади интихоби варзишгарони шаҳр барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо диплом, медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

***

Рӯзи шанбе – 9 феврали соли 2018 тибқи нақша машқҳои пагоҳирӯзӣ бо мақсади солимии ҷавонон ва наврасон, оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим  таҳти унвони  «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!» бо ҷалби зиёда аз 1000 нафар ҷавонону наврасон ва  варзишгарон баргузор гардид. Ташкил ва баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба роҳ монда шудааст.