zoofirma.ru

Мухиддин Кабири кист ?

Ман як фарди ЧТ, хамдехаи Мухиддин Кабири, дар солхои аввали ба сахнаи сиёсат баромадани Мухидин Кабири нисбат ба у хамчун як фарди чомеа ва созанда назари мусби доштам. Дар баробари гузашти солхо тавоно ва кудратманд шудани у ва аъзои оилаи онхоро дида ба хайрат меафтидам ва фикр мекардам, ки ин фарзанди дехкони одди дар як муддати кутох чи гуна сарватманд шудааст. Зеро ки хамаи мо сокинони дехаи Касамдараи нохияи Файзобод ба мисли у фарзанди афроди одди будем ва одди мондаем. Солхои охир пеш аз фирор кардани Мухидин Кабири ва наздикону пайравони эшон сармоя ва дову дастгохи уро дида ба хайрат меафтодем. Харидори намудани замини богу рог ва кишоварзи, фермаи чорводори, техникаву дастгоххои як хочаги, корхонаи асфалтбарори, мошинхои бохашамат, бинохои истикомати, ширкати сохтмони барои як нафар, ки худро сиёсатмадор нишон медод ва бо фаъолияти соибкори ном набаровардааст, кори осон нест.  Мухидин Кабири бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боаклтар ва хатто аз давлат донотар шуморид. Аммо бе худа нагуфтаанд, ки шухи набун бо арбоб… Дар баробари ошкор шудани симои аслии Мухидин Кабири ва ХНИ сарчашмаи маблаггузории Мухидин Кабири ва хизби у ошкор шуд. Имрузхо симои аслии Мухиддин Кабири маълум ва мардуми Точикистон уро хамчун як нафари хоин, ватанфуруш, беимон ва нокас мешиносанд. Мухиддин Кабири аз вакте, ки аъзои собик Хизби назхати ислом айни замон ТЭТ ХНИ шуданаш ба халку ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Ман як нафар сокини дехаи Касамдараи нохияи Файзобод ин ашхосро ва ахли оилаи онхоро ба хуби мешиносам. Мухиддин Кабири муддати якчанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хорича истода бо фармони хочагони хоричиаш обурую нуфузи Точикистонро дар арсаи чахони паст карда истодааст. У бо аъзоёни ба ном Хизби назхати исломи аммо дар асл ташкилоти террористии ХНИ солхои 90-уми асри гузашта як маротиба халки точикро бо хам чанг андохта Точикистони азизи моро ба хоку хун огушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабири ва хамаслаконаш мохи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Точикистони гуг гул шикуфта истодаро ба хоку хун огушта кунанд, аммо халки бошарафи точик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онхо намеафтанд.

Рузхои охир пас аз марги нобахангоми химоячии сиёси ва хукукшиноси номдор Файзинисо Вохидова дар шабакахои интернет сару садои игвоангез ва бемантики гуруххои мухолиф ва хаммаслакону пайравони Кабири оид ба он ки гуё сабабгори марги Файзиносо Вохидова ин тахдиду тахрими Хукумати Точикистон гардидааст, ба миён омадааст. Файзинисо Вохидова дар байни ахолии кишвар ва хатто берун аз он хамчун як зани точик, химогари ботачриба ва фаъол шинохта мешавад. Мурдан хак аст, барои марги хар як фарди точик мо андухгин мешавем. Аммо ман намефахмам, ки чаро игвогарони давлату миллати мо хатто мурдаи як фарди кишварро ором намегузоранд. Ба беморхона бо пои худ рафтани Файзинисо Вохидова ва ба бемории сирози чигар ва гепатити «Б» (зарпарвин) гирифтор будани у сахех ва равшан аст. Пас сабаби марги мархум ин бемориаш мебошад, ки духтурон онро исбот кардаанд. Имруз пайравони Мухидин Кабири, ки зери шиори у ва  накшаву мароми ташкилоти у лоф мезананд,  аммо намегуянд, ки чаро Мухидини пешвои ТЭТ ХНИ дар рузи марги модараш кампири Сочак ва падараш бобои Тилло хузур надошт. Намегуянд, ки чаро Мухидин Кабири, миллату давлат, дину оин ва мазхаби худро фурухт. Намегуянд, ки чаро 1мил. 200 хазор доллари амрикоиро барои табодуллоти Точикистон ба генерали хоин Назарзода Абдухалим додааст. Имруз Точикистон он давлати солхои 1992 нест ва мардуми он окибати чанги шахрвандиро дидаанд. Барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хоричи тамоми мардуми Точикистон камари марди мебанданд.

Салимов Навруз, директори МТМУ №15-и н.Файзобод