zoofirma.ru

Дар Кохи «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода оид ба шарҳу моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,

Мулоқотро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ бахшид.

Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №18 «Мастчоҳ» Нурулло Оқилзода суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян гардида, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлил қарор дода шуд. Дар мулоқот зикр гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ сокинони мамлакатамон нигаронда шудааст.

Дар мулоқот намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилоят Муҳаммадӣ Давлатов иштирок дошт.

Чунин мулоқот инчунин дар шаҳракҳои Сирдарё, Консой ва Чоруқдаррон баргузор гардиданд.

Дар навбати худ дар мулоқот сокинони шаҳр Гулсанам Пулодиён, Ширинмоҳ Султоналиева, Фаридун Абдуллоев, Баҳодур Сайдуллоӣ, Наргиса Бердиева ва дигарон баромад карда, оид ба Паём ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Паёми Сарвари давлат ҳидоятномаи фардои дурахшон ва дастурномаи фаъолияти ояндасоз мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон