zoofirma.ru

Дар арафаи иди Соли нави милодӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода гурӯҳи собиқадорони меҳнатро, ки дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии шаҳр хизматҳои шоиста намудаанд, аёдат намуд.

Аз ҷумла, собиқадорон Санавбар Нуруллоева, Роза Ли, Каромат Қосимова ва Ғайбулло Зайниддинов ба муносибати фарорасии Соли нав аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода табрик намуда, ба онҳо армуғонҳои солинавӣ ҳадя карда шуданд.