zoofirma.ru

Яке аз куҳансолтарин шахсиятҳо дар ҳудуди шаҳри Гулистон Анастасия Петроваи 101 сола мебошад,  ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи алоқаи вилоят ва шаҳр фаъолият намудааст. Ин зани зиндадил рӯзи 26-уми декабр рӯзи 101-умини мавлуди худро ботантана ҷашн гирифт.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей  Варламов ба аёдати ин бонуи соҳибҷашн омада, ӯро бо мавлудаш муборакбод гуфта,  ба Анастасия Петрова армуғони солинавӣ тақдим намуданд. Ҳини суҳбат ин пиразани соҳибзавқ шукронаи Ватан – Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои миллат ва сисати фардосози Роҳбари давлат дуои нек кард.