zoofirma.ru

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, таъмини татбиқи қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ ва дар рӯҳияи маърифати экологӣ тарбия намудани ҷавонон ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон семинар-машварат бо иштироки раисони маҳалла ва кормандони хоҷагии манзилии коммуналӣ баргузор гардид.

Семинарро Хуршед Салимов, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр карда шуд, ки тайи даҳсолаи охир, бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолӣ дар дунё ва рушди истеҳсолот ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, махсусан тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.

 

Ин омил ба некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобастагӣ дорад ва солимии ҷомеа аз муҳити зисти солим бармеояд. Ҳамчунин дар семинар мутахассисони ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ҷаннатой Ахмедова, Акмал Парпиев ва Мутриба Баширова дар мавзӯъҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ва яке аз масъалаи ҳалталаби рӯз «Муаммои партов» баромад намуданд.

Дар охир мубодилаи афкор ҷараён гирифта, иштирокдорон доир ба беҳдошти муҳити зист дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо мубодилаи афкор намуданд.