zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъати шаҳр ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 80-солагии Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, ходими давлатию ҳизбӣ Санавбар Нуриллоева баргузор гардид.

Ҷаласаро и.в.Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури соҳибҷашн намуд. Сипас и.в. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода соҳибҷашнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳният гуфт. Ҳамчунин, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу менати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Каромат Қосимова, доктори илмҳои биологӣ Кимёҷон Неъматҷонова ва собиқадори меҳнат Каромулло Одилов соҳибҷашнро бо ҷашни ҳумоюни мавлуд муборакбод намуданд.

Зикр гардид, ки Санавбар Нуриллоева солҳои 1972-1983 ба ҳайси котиби Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Қайроққум ва солҳои 1983-1993 раиси Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ашт фаъолияти пурсамари меҳнатӣ намудааст. Алҳол низ ин зани матинирода дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, намунаи ибрати ҷавонон мебошад. Мавсуф аз соли 1998 то имрӯз муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мебошад.

Дар охир соҳибҷашн ба сухан баромада, барои ғамхориҳои рӯзафзун ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки ҳамеша садоқатмандона ба Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат хоҳад кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон