zoofirma.ru

«Ҳисори зарнисор»Бо ҳамин унвон композитсияи адабӣ-бадеӣ дар гимназияи №1 ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори Шодмон доир гардид.

Намоиши навори «Таърихи Ҳисор» оғозбахши чорабинӣ буд. Қироати шеър, намоиши либосҳои арӯсӣ, иҷрои суруду таронаҳо дар иҷрои хонандагон, ки ифодагари анъанаҳои миллии мардуми Ҳисор буданд, басо ҷозибу хотирмон пешкаш карда шуд. Раиси Кумитаи  иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, сармуҳаррири нашрияи «Соҳил» Рустамҷон Одизода, мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров ва директори гимназия Сурайё Гадоева зимни баромади хеш роҷеъ ба таърихи қадима, маҷмааи қалъаи Ҳисор, ки ёдгориҳои таърихиву нишоне аз куҳанбунёдии ӯст ҳарф заданд.

Дар омода ва таҳияи композитсияи адабӣ-бадеӣ саҳми омӯзгори гимназия, Аълочии маорифи Тоҷикистон Бисоро Халилова шоёни қайд аст.