zoofirma.ru

Ҳадаф: ғанигардонии бозорБозорро оинаи шаҳр мегӯянд. Маҳсули меҳнати соҳибкорони хурду миёна маҳз дар ҳамин ҷо манзури харидор мешавад. Меҳнати соҳибкор ба рушди иқтисодии давлат мусоидат ва таъсир мерасонад. Фаъолияти «Бозори Қайроққум»  бо таври том талаботи аҳолиро қонеъ карда наметавонист.

Бо иқдоми Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба хотири аз миён бардоштани савдои сари роҳу кӯчагӣ, муҳайёсозии шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ, тозаю озода, ободу зебо ва муҳайё кардани шароит мусоид бозори хусусии Аваз Бобоназаров ба худ макоми «Бозори марказӣ»-ро соҳиб шуд.

Ҳадаф: ғанигардонии бозорБа ин муносибат рӯзи шанбе дар ин ҷо ярмарка – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил карда шуд. Қабл аз оғози ярмарка Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода назди ҳозирин баромад карда оид ба танзими хариду фурӯш дар бозорҳо ҳарф зад. Шаҳрвандон ва меҳмонон акнун метавонанд маҳсулотҳои ниёзи хешро аз инҷо дарёфт намоянд.