06 Ноябр 2018
Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон Хурсанд Мазоров, яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоятро масъули тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр дар шаҳри Хоруғ номид ва гуфт, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъи Хоруғ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳо буд. Дар натиҷаи тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода бо тирҳои резинӣ дар Хоруғ ду сокини маҳаллӣ тир хӯрданд. Ситоди байниидоравӣ гуфт, як гуруҳи ҷавонон бо роҳнамоии Хурсанд Мазоров мехостанд ба фаъолияти посгоҳҳо мониа эҷод кунанд ва сардори посгоҳҳо маҷбур шудааст даст ба силоҳ барад.
Дар гузориши видеоии ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) гуфта мешавад, ки ба хотири таъмини амният ва ҳифзи тартибот дар шаҳри Хоруғ 6 посгоҳи доимии БДА амал мекунад.Ситоди байниидоравӣ исми нафареро, ки даст ба истифодаи силоҳ бурдааст, зикр накард, вале қаблан хабаргузории “Фарғона” ва гуруҳҳои тарафдори ҳукумат дар Фейсбук хабар доданд, ки ин нафар фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода мебошад. Муҳаммадзода соли 2015 ба ҷои Гулмурод Ҳалимов, ки аз Тоҷикистон фирор карда, ба ДОИШ пайваст, фармондеҳи ОМОН таъйин шуд.
Дар ҳамин ҳол, зодагони Бадахшон видеоҳоеро нашр кардаанд, ки дар он шоҳидони ҳодиса баракс генерал Муҳаммадзодаро дар тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр айбдор мекунанд. Аз ҷумла як духтари ҷавон мегӯяд, ки генерал ва зердастонаш мардумро дашномҳои қабеҳ доданд.
Субҳон Ҳамзалиев, нафаре, ки он шаб аз дасту пояш тир хӯрд, низ мегӯяд, ки кормандони милитсия бидуни ҳеҷ асос ба сӯи онҳо тир кушоданд. Субҳон Ҳамзалиев дар посух ба ин суол, ки оё онҳо бардоштани посгоҳҳоро талаб доштанд?, гуфт, “ман кӣ ҳастам, ки чунин талаб кунам?”
Гузориши видеоиро инчо тамошо кунед: https://www.youtube.com/watch?v=PcgrvekkBJQ