zoofirma.ru

Имрӯз вақте, ки аз шабакаҳои иҷтимои дидан мекунем, ҳодисаҳоеро мебенем, ки санаи 09.10.2018 дар шаҳри Дортмунти Олмон хоҳарзодаи собиқ роҳбари мухолифин Саид Абдуллои Нурӣ Шайхов Муҳаммадсаид Маҳмадаминович аз дунё фавтидааст, ки ин ҳам яке аз ҳамон ҷавононе ҳаст, ки дар фирефтаи гурӯҳи ТЭТ ҲНИ афтида мурдааш бесоҳибу бакас мондааст.  Сабаби ингуна xавонон ки дар роҳ сарсону саргардон мемонанд ин гуруҳи ТЭТ ҲНИ мебошад. Ин гурӯҳое, ки хиёнат ба Ватани хеш мекунанд Худован ин тавр хору залил мегардонад, Ҳамин гурӯҳи ТЭТ ҲНИ солҳои 90-ум ба сари миллати тоҷик чӣ балоҳоро овард. Бояд зикр кард, ки ин ҷанг панҷ сол идома ёфт, зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо ба ҳалокат расиданд, беш аз 1 миллион ҳамватанон гуреза шуданд ва даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоии ҳаётан муҳим харобу валангор шуданд. Вале бо саъу кушиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон то ба имрēз дар ободӣ мактабу кудакистонҳо хароб гаштаро аз нав барқарор карда истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо дарк карданд, ки ҳақиқат дар куҷо албатта мардуми мо имрӯз бобовари комил гуфта метавонанд, ки Ватанӣ мо ободасту обод шуда, рӯз то рӯз кучаҳою хиёбонҳо гулу гулзор иншоотҳои нав ба нав, бо ташабусси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ёфта пешрафта истодааст.

Сардори шуъбаи илм Хайруллоев И