zoofirma.ru

7 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик намуданд.

Дар рафти сӯҳбат Сарони ду давлат ҳамчунин роҳҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Россия баррасӣ намуда, атрофи баъзе масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.