zoofirma.ru

Дар майдони нимпайкараи устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ маҳфили рангини “Соҳибқирони шоирони ҷаҳон” тибқи нақша ҷараён гирифт. Масъулини китобхонаи марказии шаҳр (директораш Биомина Мирзоева) намоиши китобҳои нашршуда доир ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакиро манзури хонандагон намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом  Мадализода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзодаро ба самъи иштирокчиёни маҳфил расонд. Сипас раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён, шоира Лютфӣ Неъматзода доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Одамушшуаро суханронӣ намуданд. Хонандагони фаъоли китобхона аз ашъори устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат карданд. Санъаткорони бахши фарҳанг бо суруду таронаҳо табъи ҳозиринро болида намуданд.