zoofirma.ru

Дар рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ мавзӯи “Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ” мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод ва Раҷабов Боҳирҷон-муовини сардори Раёсати илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, инчунин тарғиботчиёни маҳаллӣ иштирок намуда, доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баромадҳо карданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ муташаккилона ба роҳ монда шуд.