zoofirma.ru

Мардуми равшанзамири шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» - Гулистон аз рӯйдоди фоҷиабори ҳалокати чор  нафар сайёҳони хориҷӣ, ки санаи 29-уми июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  содир шуд, огаҳ гардида, сахт андӯҳин шуданд. Шаҳри Гулистон – шаҳри туризми рушдёфта буда, нисбати ҳар як меҳмони ташрифоварда, эҳтиром ва маҳбубияти хосаи самимонаи тоҷикона зоҳир мегардад. Тамоми шароитҳои зарурӣ дар минтақаи истироҳатии шаҳри зебоманзар барои истироҳату фароғат ва табобати комил фароҳам оварда шудааст.

Амният ва суботи комил, ки дар натиҷаи заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон моро даст дода, кафили рушди бемайлони кишвар, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва муаррифии мамлакати биҳиштосоямон ба ҷаҳониён мебошад, моро даъват ва ҳидоят менамояд, ки ин амну осоишро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Дар мамлакат соли равон – Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, дар робита бо ин барои рушд намудани соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз омилҳои баландшавии сатҳи зиндагии мардум ва дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ гардидани кишвар мебошад, заминаи мусоид ва устувор фароҳам оварда шудааст.

Душманони нотавонбини миллат ва давлати тоҷик аз дастовардҳои азим ва беназири даврони истиқлолият ба ваҳму ҳарос ва таҳлука афтода, имрӯз бо ҳар гуна василаву услуб ва макру ҳиял ба чашми ҳақиқат хок пошиданӣ мешаванд. Ин бадхоҳони бадбахту беватану бенангу номус чунин пешравиро дида натавониста, обрӯю эътибори кишварро дар байни давлатҳо паст заданӣ мешаванд.

Вале онон, ин пастфитратон ва хоинони миллату давлат аз иродати халқ, аз ҷибиллати халқ, аз рисолати азалии мардуми тоҷик бехабаранд, ки ягон “тоҷик бо ҳамҳамаю дамдама” на кишваре кушода, на манзиле хароб дошта ва на фарде мақтул карда, балки асолати мардуми тоҷик меҳмоннавозиву инсондӯстӣ, фарҳангшиносиву маданиятдорӣ ва созандагиву бунёдкорӣ дар ҳама давру замон буду мебошад.

Албатта, чунин ҳаводиси фалокатборро мо дар тамоми кишварҳои пешрафта мушоҳида мекунем. Дар баробари ин, ин рӯйдоди нангин бояд ҳар як фарди ватандору ватандӯстро бетараф набояд кунад. Бояд ба ташкилкунандагон, хоҷагон ва ду-се тан муридони касифи эшон ҷавоби қатъӣ диҳем, ки дар ҷомеаи мо ба ин тоифаи манфуру палид ҷой ва макон нест! Бояд сафҳоямонро мазбуту устувортар ва қавитару мустаҳкамтар дорем. Танҳо якдилию якмаромӣ, таҳаммулу тавозӯъ намегузорад, ки душманони миллат ба мақсадҳои нопоки хеш расанд. Беш аз ин суботу оромӣ, ваҳдату якдилии ҷомеаи моро ягон қувваю гурӯҳи хиёнатпеша халалдор сохта наметавонад.

Мо гулистониён, дар партави сиёсати созанда ва ояндадори Пешвои муаззами миллат ва  Ҳукумати ҷумҳурӣ якдилу якҷон, аз як гиребон сар бароварда, кору пайкор намуда, барои гул-гул шукуфоӣ ва рушди бомароми тамоми соҳаҳои ҳочагии халқ, минҷумла рушди сайёҳӣ дар як гӯшаи нотакрор ва фирдавсчамани Тоҷикистони азиз тамоми маҳорату малака ва садоқату матонати хешро равона хоҳем кард. Итминон дорем, ки ин сӯиқасди номардонаи душманони миллат ва давлат ба нокомӣ анҷомида, ҷаҳониён “қилро аз хамир” бо чашми некбин ҷудо мекунанд.

Мутмаинем, ки ин амали нангин ба чеҳраи пурмеҳру офтобии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони озоду ободро гарде зада наметавонад ва мисли ҳамеша ба остони дарҳои кушоди мо меҳмонони гиромии диёри биҳиштосоямон бештар аз пештар қадам ранҷа хоҳанд кард.