zoofirma.ru

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» тантанаҳои идона бо иштироки дастпарварон ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Дар Боғ шогирдони мактабҳои мусиқӣ ва рассомии шаҳр намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои омӯхтаашонро манзури сокинони шаҳр намуданд.

Ҳамзамон намояндагони шаҳракҳои Адрасмон, Чоруқдаррон ва Консой гӯшаҳои ҷолиби ҳайвоноти хонагӣ, намунаи ҳунарҳои миллӣ ва монанди инро ба маърази тамошо монданд. Дар як гӯшаи Боғ варзишгарони навраси  гулистонӣ аз рӯи намуди гӯштини юнонӣ –румӣ ва муштзанӣ маҳорати варзишии худро ба ҳамсолонашон намоиш доданд.

Сипас барномаи рангини дастпарварони мактабҳои мусиқӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳр таҳти унвони «Бачагони хушбахти даврони истиқлолем!» ба тамошобинон пешкаш карда шуд. Дар оғоз Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода кӯдакону наврасонро бо Рӯзи ҳифзи кӯдакон таҳният намуд. Зикр гардид, ки имрӯз дар ин тантанаи бошукӯҳ кӯдаконе ҳузур доранд, ки дар оянда барои рушди ҷомеа, шукуфоии диёри азизамон Тоҷикистон чун сиёсатмадор, олим, шоир ва муаллиму мураббӣ хизмат хоҳанд кард.

Дар интиҳо санъаткорони наврасу ҷавон барои тамошобинони сершумор суруду таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, Тоҷикистон, рақсу ҳунарҳои зебои варзишӣ ва оҳангҳои ҷолибро манзур намуданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 57 нафар ятимону кӯдакони имконияташон маҳдуд ба маблағи 100 сомонӣ ба ҳар як нафар идипулӣ ва барои 400 нафар шириниҳо супорида шуданд

Ҳамзамон худи ҳамон рӯз бо ибтикори  Бунёди  «Шафқати Турсуной Зокирова барои қариб 200 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дасторхони идона ороста шуда,  ба онҳо шириниҳо туҳфа карда шуданд. Санъаткорони бахши фарҳанг барои иштирокчиён барномаи марғуби консертиро манзур намуданд.

Ба ифтихори Рӯзи кӯдакон кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оилаи Ҳомидовҳо, ки ду нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд доранд аёдат намуда, ба онҳо кумаки яквақтинаи моддӣ расонида шуда. ТҶҶ «Созандагони Ватан» бошад дар ин рӯз аксия оид ба риояи қоидаи бехатарии роҳро дар шафати МТМУ № 1 гузаронид.