zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо иштироки мудирон ва сардорони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони зерсохторҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, ташкилоту идора ва муассисаҳо ҷаласа доир гардид.

Зикр гашт, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раёсати Агентии давлатиии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта,  дар байни кормандони соҳаҳои мухталиф баргузории мулоқоту вохӯриҳо доир мегарданд.

Намояндаи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсат Зарифӣ Дилшод Неъматзода доир ба омилҳои асосии коррупсия, бартарӣ доштани чораҳои пешгирикунанда ва аз байн барандаи заминаҳо ва шароити зуҳури коррупсия, сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ ва монанди ин баромад намуда, бо мисолу арқоми мушаххас ҳолатҳои содиршавии ин амали нанговарро дар ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи мо шарҳу тавзеҳ дод. Дар охир муколамаи озоди аҳли толор бо намояндаи Раёсат доир гардид.

Чунин мулоқот дар толори муассисаи КАТС-и шаҳр бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва дар толори шуъбаи маориф бо кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардиданд.