zoofirma.ru

Дар толори меҳмонхонаи «Далер-777» бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ибтикори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои 50 нафар модарон ва бонувони бесаробонмонда дасторхони идона ва туҳфаҳо ба ифтихори Рӯзи Модар ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода модаронро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода таҳният намуд. Сипас Котиби иҷроияи ҶҲАТ дар вилояти Суғд, ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Ҷабборзода, донишманди шинохта ва маъруф Саидумрон Саидов модаронро бо ҷашни ҳумоюни Рӯзи Модар муборакбод намуданд.

 

Модарон Светлана Пешкова, Бираҷаб Мавлонова, Улфатой Азимова, Нуринисо Турсунова, Мая Зокирова ва дигарон барои дастгирӣ ва ғамхории рӯзафзуни Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ба намояндагии вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои дастгирӣ сипосмандӣ баён намуданд.