zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар муассисаи қитъаи обтаъминкунии шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид, ки дар ҷараёни он зиёда аз 100 бех ниҳолҳои гелосу шафтолу шинонида шуд.

Ҳамчунин Раиси шаҳр бо масъулини ин идора супориш дод, ки анъанаи ниҳолшинониро идома дода, дар сарсабзу хуррам гардидани муҳити атроф саҳми босазои худро гузоранд.