zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” рўнамои маҷмўаи шеърҳои шоира Рабоат Худойдодова баргузор гардид.

Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳр Илҳом Мадализода аз номи раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода соҳибҷашнро шодбош намуд.

Сипас раиси Шўрои собиқадорони КИШ ҲХДТ Каромат Қосимова, роҳбари дастаи “Фалак” Ҳасанбой Набиев, директори китобхонаи марказии шаҳр Биомина Мирзоева, намояндаи Муассисаи таҳсилоти иловагӣ Надима Акрамова муаллифро бо интишори маҷмўа ашъораш муборакбод намуданд.

Шоира Рабоат Худойдодова дар интиҳо бо шукргузорӣ аз сиёсати Пешвои муаззам ва Ҳукумати Тоҷикистон башаҳрдории Гулистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар маҳфил хонандагони соҳибзавқи китобхонаи марказии шаҳр ва кормандони он аз эҷодиёти шоира шеърҳо қироат намуда, санъаткорони бахши фарҳанг барномаи марғуби консертиро манзури тамошобинон намуданд.