zoofirma.ru

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази шаҳр бо лоиҳаи бунёди Маркази фарҳангии “Сомониён” шинос шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ният дорад, ки макони нави фарҳангию фароғатиро барои сокинону меҳмонони шаҳр бунёд намояд. Маркази фарҳангӣ аз маҷмааи Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр, фаввораву айвонҳои миллӣ, Нишони давлатӣ ва нишастгоҳҳои замонавӣ иборат хоҳад буд.

Роҳбари вилоят тавсия дод, ки  лоиҳаи мазкур бо шӯрои шаҳрсозӣ мувофиқа карда шуда, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шаванд. Дар ҳамин мавзеъ Раҷаббой Аҳмадзода инчунин масъулини шаҳрро вазифадор намуд, ки барои азнавсозии амфитеатр, ки чанд соли охир бо сабаби таъмирталаб будан, аз фаъолият бозмондааст, лоиҳа таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар шаҳри Гулистон сохтмони мактаби санъат низ идома дорад. Ин муассисаи фарҳангӣ дуошёна буда, барои150 нафар пешбинӣ шудааст. Роҳбари вилоят масъулини сохтмонро тавсия дод, ки дар корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани мактаб асосан аз маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ истифода баранд, ки ҳам аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва ҳам дастгирии истеҳсолоти ватанӣ хоҳад буд.

Тавсия дода шуд, ки ороиши бино бо омезиши нақшу нигори миллӣ ба роҳ монда шуда, дар он шароитҳои беҳтарин барои таҳсилу омӯзиши санъати мусиқӣ фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин тоза кардани ҳудуди бинои мактаби нав аз дарахтони солхӯрда ва ба ҷои онҳо шинонидани дарахтони ҳуснафзои ороишӣ мутасаддиён дастур гирифтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази шаҳр лоиҳаи майдончаҳои варзишӣ ва бачагонаро низ мавриди назар қарор дод. Бо тасмими мақомоти иҷроия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Гулистон 16 майдончаи варзишӣ ва бачагона бунёд карда мешавад. Иқдоми мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар ҳар маҳаллаву шаҳрак сохтани майдончаҳои варзишӣ амалӣ хоҳад шуд. Майдончаҳои варзишӣ бо усули замонавӣ сохта  шуда, дар онҳо шароитҳои беҳтарини солимгардонӣ ва  машғулияти кӯдакон фароҳам оварда мешаванд.

Роҳбари вилоят иқдоми мақомоти иҷроия ва ташаббуси соҳибкоронро ба хушнудӣ истиқбол намуд ва тавсия дод, ки тамоми лоиҳаҳо бо талаботи Кумитаи меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ гардонида шаванд.

Роҳбари вилоят инчунин дар Боғи фарҳангию фароғатии "Меҳри модар" ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳр ҳусни оғоз бахшид ва бо ин иқдом сокинони шаҳрро ба вусъати корҳои сабзгардонии муҳити атроф даъват намуд. Дар воқеъ, шинонидани дарахт дар тамаддуни халқи тоҷик аз шоистатарин ва некӯтарин амалҳо дониста мешавад ва нишони табиатдӯстиву ободкориҳои мардуми бостонии мо ба шумор меравад.

Дар соҳили Баҳри тоҷик бошад, роҳбари вилоят бо нақшаи бунёди меҳмонхонаи замонавӣ ва котеҷи муосир шинос гардид. Фармоишгари меҳмонхона Осоишгоҳи “Баҳористон” буда, корҳои пудратиро ҶДММ “Суғдшаҳрофар” бар уҳда гирифтааст. Бунёди чунин иншооти фароғатӣ дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хеле рамзӣ буда, боиси ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақаи зебоманзар хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд