zoofirma.ru

Гулистон. Дар МҒД «Коллеҷи тиббӣ» бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода мулоқоти судманд бо донишҷӯён ва омӯзгорони таълимгоҳ баргузор гардид, ки ҳадаф аз он ташвиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат барои имрӯзу оянда таъкид гардид.

Муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода доир ба муҳтавои ҷаласа маълумот дода, зимни муқаддимаи кутоҳ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки дар Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён шудаанд.

Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои муҳимтарини Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои бузурги дар Паёми навбатӣ қайдгардида изҳори назар карда, иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат яке аз муҳимтарини асноди рушди мамлакат буда, барои имрӯзу ояндаи беҳтар заминаи устувор мегузорад.

Омӯзгорони таълимгоҳ Шуҳрат Ҳоҷибоев, Ҳуснӣ Саидшехова зимни мубодилаи афкор, зикр доштанд, ки Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ барномаи амали ҳар як тоҷикистонӣ буда, мебояд аз ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ шукргузорӣ намуд.

Сипас чунин мулоқот бо вакили Маҷлиси намояндагони дар толори Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, маҷлисгоҳи шуъбаи маориф бо кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ ба вуқӯъ пайваст.