zoofirma.ru

Рӯзи 26-уми декабри соли равон ба зодрӯзи яке аз собиқадорони меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи медали «Барои меҳнати шуҷоатманд дар солҳои 1941-1945» Петрова Анастасия Ивановна расо 100 сол пур шуд.

Ин зани ҷасоратпеша ҳамсоли Инқилоби Октябр буда, 26-юми декабри соли 1917 дар яке аз деҳаҳои вилояти Куйбишеви Федератсияи Русия таваллуд шудааст. Дар овони сесолагиаш (ҳанӯз соли 1920 асри 20-ум) волидайни ӯ ба Осиёи Миёна меоянд. Дар овони ҷавонӣ, ҳамзамон солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар Комбинати шоҳибофии Ленинобод кор кардааст.

Дар коргоҳи (сехи) пиллакашии ин корхона заҳмат кашидааст. Сипас дар муҳосиботи корхона фаъолият бурдааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ комбинати шоҳибофӣ ба қатори иншооти таъиноти махсуси ҳарбӣ дохил буд.

Солҳои 50-ум дар авҷи сохтмони Неругоҳи барқи обии Қайроққум ба шаҳри Гулистон омадааст. Солҳои тӯлонӣ дар муассисаи Почтаи тоҷики (Союзпечат) шаҳри Гулистон фаъолияти меҳнатӣ бурда, ба нафақа баромадааст.

Духтараш Эмма Ивановна Филоненко бошад, беш аз 40 сол дар МТМУ № 1-и шаҳри Гулистон фаъолияти педагогӣ дошт. Соли 2018 ӯ низ 80 солагии зиндагиномаи худро таҷлил менамояд

Ба муносибати 100-солагии ин зани зиндадил Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода, консули генералии Консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко, сардори намояндагии «Россотрудничество»-и Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов ба хонаи Анастасия Ивановна ташриф оварда, соҳибҷашнро бо мавлудаш ва Соли нави милодӣ шодбош намуданд. Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода номаи шодбошии Раиси вилояти Суғдро дар вазъи мутантан ба соҳибҷашн супорид.