zoofirma.ru

Муовини аввали Раиси шаҳр  роҳбарии умумиро барои татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсияи шаҳр дар ӯҳда дошта, таъминоти фаъолияти босамари тамоми коргоҳҳои саноатӣ, энергетикӣ, нақлиёту коммуникатсияи шаҳрро, аз ҷумла коргоҳҳои саноати мудофиавӣ ва сохтмони саноатиро ба роҳ мемонад. Масъалаҳои соҳаи рушди иқтисод ва савдо, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди иқтисод, ислоҳоти иқтисодӣ, пулию қарзӣ, буҷету андоз, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илмию техникӣ, омори давлатӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва фаъолияти зидди инҳисориро дар қаламрави шаҳр амалӣ менамояд.

Соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳр ба ӯҳда дошта, дар доираи ваколаташ фаъолияти тамоми хадамоту ташкилотҳои сохтмонӣ ва меъмории шаҳрро ҳамоҳанг месозад. Масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, хоҷагии ҷангал, об ва дигар захираҳои табии, фаъолияти заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин чорабиниҳои марбут ба ҳифзи муҳити зистро дар доираи салоҳияташ ба роҳ мемонад

 

Дар сурати ҳозир набудани муовини аввали Раиси шаҳр иҷрои вазифаҳои ӯ бо супориши Раиси шаҳр ба замимаи яке аз муовинони Раиси шаҳр гузошта мешавад.

Муовини аввали Раиси шаҳр чунин вазифаҳоро бевосита анҷом медиҳад: