zoofirma.ru

Муовини Раиси шаҳр роҳбарии умумиро ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, фарҳанг, санъат, дастгирии занон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар ӯҳда дошта, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми муасисаю ташкилотҳои соҳа ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатии марбути соҳаро дар қаламрави шаҳр ба амал мебарорад.

Ба соҳаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, васоити ахбори умум - рӯзномаҳо. Телевизион ва радио. Бойгонӣ, татбиқи сиёсати давлат оид ба ҷавонон, варзиш ва саёҳат, нашриёт, иттилоотонӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, хазинаҳо, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аз ҷумла воситаҳои аёнии тарғиботӣ, фаъолияти кино видео – намоишдиҳӣ, назоратӣ иҷроиши санадҳои меъёрии қуқуқии мақомотҳои давлатӣ, Маҷлиси вакилони халқи шаҳр. Раиси  шаҳр ва интизоми иҷроияро дар соҳаҳои марбутаи мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ӯҳда гирифта, ҳамоҳангсозии фаъолияти иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, сохтори масъули  кор бо ташкилотҳои динӣ ва ғайраро ба роҳ мемонад.

 

Дар сурати ҳозир набудани муовини Раиси шаҳр оид ба масъалаҳои  илм ва танзими робитаҳои ҷамъиятӣ иҷрои вазифаҳои ӯ бо супориши Раиси шаҳр ба зиммаи яке аз муовинони Раиси шаҳр гузошта мешавад.

Муовини Раиси шаҳр чунин вазифаҳоро бевосита анҷом медиҳад: