zoofirma.ru

4-уми июни соли 1965 дар  шаҳри Колхозобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1986 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм намудааст. Оиладор соҳиби 5 фарзанд мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори фанни таълими маҳнат дар МТМУ №29-и  шаҳри Конибодом оғоз намудааст. Солҳои 1987-1995 омӯзгори фанни таълими маҳнат дар МТМУ №5-и шаҳри Конибодом, солҳои 1995-1998 мураббияи кӯдакистони «Бобуна»-и шаҳраки Сирдарё, солҳои 1998-2008 мудири кӯдакистони «Бобуна»-и шаҳраки Сирдарё, солҳои 2008-2012 омӯзгори МТМУ №8 шаҳраки Сирдарё, солҳои 2012-2016 Раиси ҷамоати шаҳраки Сирдарё, солҳои 2016-2017 мудири бахши бойгонии шаҳри Гулистон, аз феврали соли 2017 дар мансаби мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Гулистон кор мекунад.