zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1825,25 сомонӣ;

2. Мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1497 сомонӣ; (хусусияти дуҷониба)

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ;

4. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ;

5. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳр 1- ҷой, маоши мансабӣ  - 913 сомонӣ;

6. Мутахассиси бахши бойгонӣ 1- ҷой, маоши мансабӣ  - 913 сомонӣ;

7. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр  1- ҷой, маоши мансабӣ  - 913 сомонӣ;

8. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр 1- ҷой, маоши мансабӣ  - 913 сомонӣ;

 

Мақомоти худидоракунии

Ҷамоати шаҳракҳо:

9. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1- ҷой, маоши мансабӣ  - 1236  сомонӣ;

10. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1 - ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

11.  Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Консой 1 - ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

12.  Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

13.  Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

14. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Чойруқдарон 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

15. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Навгарзан 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

16. Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Консой 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ

17. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Консой 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1012 сомонӣ;

18. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1012 сомонӣ;

19. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1012 сомонӣ;

20. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1012 сомонӣ;

21. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1012 сомонӣ;

22. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

23.  Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1012 сомонӣ;

24. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

25. Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 – ҷой, маоши мансабӣ  - 1236 сомонӣ;

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4*6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (тариқи нотариалӣ тасдиқгардида);

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УБ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия  дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ - аз нозироти андоз;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ ва таъқиби ҷиноятӣ аз РВКД вилояти Суғд;

-маълумотнома аз ҷои зист;

-маълумотнома (объективка)

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири шуъба ва бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои  самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии  хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои  самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии  хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умуми меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис, мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои  самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии  хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол №79 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ошёнаи 2 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, телефон барои маълумот: 834432-46-11, почтаи электронӣ Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript