zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ

оид ба пешгирии коррупсия

Мутобиқи талаботи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-уми августи соли 2013, №1504  ва  ҷиҳати таъмин намудани иҷрои тадбирҳои дар Нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва бо мақсади тақвият додани муқовимат ба коррупсия, қарор мекунам:

1. Ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ки бо қарори Раиси шаҳр аз 30-уми декабри соли 2014, №432 тасдиқ шудааст, дар ҳайати нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

 

2. Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро тибқи қонунҳои амалкунанда ва Низомномаи тасдиқгардида ба роҳ монад.

3. Интишори қарори мазкур тариқи рӯзномаи шаҳрии «Соҳил», сомонаи расмии (веб-сайти) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва дигар расонаҳои маҳаллии расмӣ, амалӣ карда шавад.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр гузошта шавад.

 

Раиси шаҳр                                             М.С.Амонзода

Замима

ба қарори Раиси шаҳр

аз 06.04.2016,

№95 тасдиқ шудааст

 

ҲАЙАТИ

Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

1. Муовини якуми Раиси шаҳр – Раиси комиссия;

2. Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди шавқати Турсуной Зокирова” – муовини Раиси комиссия;

3. Сармутахассис оид ба масъалаҳои маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳр – котиби комиссия;

 

Аъзоён:

1. Мудири шӯъбаи такшилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр;

2. Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр;

3. Намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

4. Намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

5. Намояндаи Ҳизби аграрарии Тоҷикистон;

6. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр;

7. Мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мииллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

8. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

9. Раиси Шӯрои собиқадрони ҷангу меҳнат;

10. Раиси Шӯрои “Ветеранҳои Афғонистон”

11. Раиси “Иттифоқи бартарафкунандагони Чернобил”

12. Сармуҳаррири рӯзномаи “Соҳил”