zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Бо мақсади шинос шудан ба ҷараёни фаъолияти корхонаҳои саноативу истеҳсолии воқеъ дар шаҳракҳои Чоруқдаррон ва Консой Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамроҳ бо мудирони шуъбаву бахшҳои иқтисод, саноат, корҳои дохилӣ, нозироти андоз, экология, барқ, маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва беморхона ба ин ҷамоатҳо сафари корӣ анҷом дод. Нахуст ба маркази атласу адрасбофии воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ташриф оварда, ба дастранҷи кормандони он шинос шуд.

Дар зимни боздид тазаккур дод, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ки ин ибтикор аз ҳамаи шаҳрвандон, хосса шумо, ки бевосита ба ҳунарҳои мардумӣ сарукор доред, масъулияти бештарро тақозо менамояд. Имсол бояд ҳамаи кӯшишу талоши худро ба харҷ дода, барои дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи худро гузоред.

Сониян, ба корхонаи ҶДММ «Комбинати фузулоти нодири Ленинобод» ташриф оварда, бо роҳбарони корхона доир ба вазъи истеҳсолот суҳбат намуд. Ин корхона асосан ба истеҳсоли кварс машғул буда, маҳсулоти он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Чунонки роҳбари корхона иброз дошт, барои соли равон ба чандин ширкатҳои Узбекистон, Эрон ва Хитой барои фурӯши беш аз ҳазор тонна маҳсулот шартнома баста шудааст. Аз ҷониби Раиси шаҳр ба масъули корхона супориш дода шуд, ки барои насби сехҳои иловагӣ чора андешида, фаъолтяти истеҳсолии корхонаро густариш бахшанд.

Ҳамчунин, аз корхонаи ҶДММ «Доломит» боздид намуда, аз роҳбари ин коргоҳ оид ба омилҳои ба иҷро нарасидани нақша пурсиш ба амал овард. Роҳбари корхона иброз намуд, ки сабаби асосии иҷро нагардидани нақшаи пешбини шуда гаронии андоз мебошад. Зеро барои корхонаҳои нисбатан хурд низоми андозбандие, ки мо дорем, гаронӣ мекунад. Сардии ҳаво ва вазиши шамол низ имкон намедиҳад, ки фаъолият ба таври дилхоҳ ба роҳ монда шавад.

Раиси шаҳр ғайр аз ин, аз корхонаи заргариву дӯзандагии ҶСК «Равшан», ки соли 2012 бо иштироки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба кор шурӯъ намуда буд, боздид намуда, доир ба анвои маҳсулот, сифати он аз роҳбарият пурсиш ба амал овард. Ба масъулин супориш дод, ки истеҳсоли бештари нишони сарисинагӣ барои хатмкунандагони доишгоҳҳои вилоят ва шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистонро ба роҳ монанд. Зикр намуд, ки мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр омодааст, ки барои мувофиқа намудан ба Вазорати маориф ва илм оид ба ин масъала мактуб ирсол намояд. Ҳамчунин масъулинро муваззаф намуд, ки дӯхтани либосҳо барои мактаббачагон ва кормандони соҳаи тибби шаҳри Гулистонро бар дӯш гиранд.

Дар давоми сафари корӣ Раиси шаҳр бо кормандони Беморхонаи шаҳраки Консой мулоқот намуда, зикр кард, ки таъмири беморхона давоми сол ба нақша гирифта шуда, дар наздиктарин фурсат корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд. Ҳамчунин аз корманд тақозо намуд, ки дар фаъолияти худ содиқ буда, хизмати мардумро аз таҳти дил анҷом диҳед.