Матни равон

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2024, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ намуда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаву мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки аз ҳарвақта дида, бештар фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятро истифода барем.

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.

Коргоҳи истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди 1 тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ мебошад.

Коргоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири таъмини сохторҳои низомӣ ва бозори дохилӣ бо консерваи моҳӣ таъсис дода шуда, дар он дар 2 баст 50 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Айни ҳол коргарон бо истифода аз захираи ашёи хом ва хатҳои муосири технологӣ консерваи моҳиро дар зарфҳои оҳании 200 грамма коркарду истеҳсол менамоянд.

Поздравительное послание по случаю праздника Фитр
09.04.2024 07:30, город Душанбе
Дорогие соотечественники!
Вечером сегодняшнего дня завершается благостный и одухотворенный возвышенными чувствами месяц Рамазан, завтра наступит благословенный праздник Фитр – праздник разговения в почитаемый мусульманами мира месяц Рамазан.
По случаю этого благословенного и религиозного праздника искренне поздравляю славный народ Таджикистана и наших зарубежных соотечественников.
Желаю каждой семье в нашей стране счастливой и благополучной жизни, а нашей любимой Родине вечного нерушимого мира и прочной, незыблемой стабильности.

09 апрели соли 2024, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои хайру саховат, кумаку дастгирии шахсони ниёзманд ва дорои имконияти маҳдуд ва ва дигар қишри ҷомеа 09 апрели соли равон ба як қатор чунин ашхос кумаки яквақтинаи моддӣ дар намуди маводи хӯрокворӣ расонида шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суҳбат зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба чунин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, раванди кумакрасонӣ ба онҳоро дар мадди назар қарор додаанд ва дар ин радиф иброз намуданд, ки “Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумам, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллӣ, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.

Сокинон изҳори сипосмандии хешро баҳри ғамхориҳои доимӣ дар симои роҳбари шаҳр ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4005
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6598
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40197
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7682117

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?