Сатри равон
(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Дар вазъи тантанавӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар доираи чорабиниҳои «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҶДММ Маркази табобати-солимгардонии «Соҳил» бинои иловагии меҳмонхонаи марказ иборат аз 24 хуҷраи дунафара барои 48 ҷой мавриди баҳрабардори қарор гирифт.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷомеаи меҳнатии ҶДММ МТС «Соҳил»-ро бо ин иқдоми нек шодбош намуд. Зикр гардид, ки имрўз дар соҳили «Баҳри тоҷик» тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат корҳои ободониву созандагӣ тавсеа ёфта, махсусан соҳибкорон дар ин раванд пешоҳанг мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аввалин меҳмонхонаи “Соҳил” соли 2008-ум аз тарафи соҳибкори инфироди Абдулло Абдуллоев бо 9 хуҷраи дорои 18 ҷой, соли 2015 бинои дуюми меҳмонхона бо 6 хуҷра ва 12 ҷой, инчунин бинои Маркази табобати-солимгардони бо 48 ҷойи сохта мавриди баҳрабардори карор гирифта буд. Алҳол масоҳати Маркази табобати-солимгардонии “Соҳил” 1,1 гектарро ташкил дода, дар мавзеи хушманзари “Баҳри тоҷик” маъво гирифтааст. Баробари ба истифода дода шудани бинои иловагӣ боз 10 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.

Дар ифтитоҳи бинои иловаги директори Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Муҳаммади Давлатов иштирок ва суханронӣ намуд.



Add comment


Security code
Refresh

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1550
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3723
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8340
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23390
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38787
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91548
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1430035

Мо дар Фейсбук