Сатри равон
(1 vote, average 2.00 out of 5)
There are no translations available.

Дар шаҳри Гулистон пас аз 35 солаи арзи ҳастии шаҳрии қолинбофону моҳидорон, геологону сохтмончиён, нақбканону барқчиён ва металлургҳо нахустин нашрияи расмии шаҳрӣ таҳти сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо номи «Соҳил» чашм ба олами ҳастӣ кушод. Нахустин муҳаррир ва ташкилкунандаи ин рӯзнома узви Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон Илҳом Мадализода мебошад.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки дар ин муддати мавҷудияти шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» - Гулистон (Қайроққум то соли 2016) кӯшишҳое дигаре низ буданд, то рӯзномае дар шаҳр пайдо шавад. Дар ин миён нашрияи қолинбофон – «Қолинбофон» (сармуҳаррираш Маҳмудҷон Мақсудов) таи шаш сол (8 марти соли 1989-1995) арзи вуҷуд намуд. Инчунин моҳномаи расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Қайроққум (сармуҳаррираш Илҳом Раҳим Мадализода) таҳти унвони «Ганҷбахш» қариб се сол фаъолият дошт. Ҳамчунин нашрияҳои хусусии «Суғдиён-777» (қариб се сол ба забони русӣ – сармуҳаррираш Илҳом Мадализода) ва «Барқчӣ» (як шумора, масъулонаш Иброҳим Атахонов ва Илҳом Мадализода) нашр гардиданд. Мутаассифона, тамоми ин нашрияҳои пештара бо сабабҳои мухталиф дар ҷодаи пурпечутоби матбуот қадами устувор монда натавониста, аз байн рафтанд.

Ҳафтаномаи «Соҳил» бо қарори Раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум) таҳти рақами 111 аз 11-уми марти соли 1998, таъсис дода шудааст. Шумораи махсуси он санаи 21-уми марти соли 1998 бахшида ба Иди Наврӯзи Аҷам ва шумораи аввалини он рӯзи 1-уми апрели соли 1998 ба дасти муштариён расид. Ташаббускори ташкил намудани рӯзномаи шаҳрӣ сармуҳаррири нахустини рӯзнома Илҳом Раҳим Мадализода мебошад.

«Соҳил» соли бистум (1998-2018) аст, ки фаъолият дорад ва он маҳбуби сокинони шаҳру шаҳракҳо гардидааст. Нашрия таҳти шиори рамзии «Дар қатрае дарё бубин» ҳафтае як маротиба - рӯзи чоршанбе ба табъ расида, ҳадафи худро дар он нуқта қарор додаст, ки ягон рӯйдод, ҳодиса ва ё воқеае, ки дар шаҳру шаҳракҳо, корхона, муассисаву ташкилот ба вуқӯъ пайвастаанд, аз мадди назар ва бе нигоришу гузориши он дар саҳифаҳои рӯзнома дар канор намонад.

Аз соли 2004 рӯ «Соҳил» ба тарзи офсетӣ аз чоп мебарояд. Ин бешак, воқеаи хурсандибахш ва фаромӯшнопазир мебошад. Зеро сифати чоп, тарзи хонданбоб дастрас намудани маводҳо ва бо нақшу нигор ва аксҳои ашхосу воқеот нашр гардидани «Соҳил»-ро хонандагони он тайи чанд сол интизорӣ доштанд.

Ҳамчунин бо як ҳисси ифтихор ва сипосгузорӣ мехостем номи кормандон ва мухбирони фаъолу дилсӯзи «Соҳил» бо камоли эҳтиром ба забон бигирем. Кормандон ва мухбирони фаъоли рӯзнома таи бист сол аз зумраи Абдушаҳид Аминов (равонашон шод бод!, собиқ муовини сармуҳаррир), Гулсара Баротова, Муродхон Муҳаммадҷонов, Шуҳратҷон Норматов, Фирӯз Гадоев, Муҳаммадраҳими Илҳом (ёдашон ба хайр!), Наташа Ярушкина, Рустамҷон Одизода, Абдуғаффор Ғоибов (рӯҳашон шод бод!), Акбаралӣ Усмоналиев, Ӯктам Раҳмонова, Ғозибек Яҳёев, Самади Абдусатторзода, Асадуллои Ҳабиб, Гулҷаҳон Турсунзода, Ҷовиди Аштӣ ва дигарон буданд, ки барои хонданбобу рангин чоп гардидани ҳар як шумора саҳмгузорӣ намуданд ва пайваста бо идораи рӯзнома ҳамкорӣ менамоянд.

Дар назди нашрияи расмии шаҳр «Соҳил» доираи адабии «Илҳом» фаъолият дорад, ки то ба имрӯз бо ибтикори ин доираи адабӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ду маҷмӯаи дастҷамъона «Навгонии Қайроққум» ва «Баёзи Гулистон» таҳти назари адибон Илҳом Раҳим ва Рустамҷон Одизода чоп гардида, ҳамзамон даҳҳо маҷмӯаҳои адибони гулистонӣ Илҳом Раҳим (Мадализода), Абдулҳакими Табибӣ(Қосимов), Нигора Низомова, Лютфи Неъматзода, Рустамҷон Одизода, Муҳандис (Абдумаҷид Бузургхонов-рӯҳашон шод бод!), Муҳамадраҳими Илҳом(рӯҳашоншод бод!), Муҳаммад Гулбой, Буҳоҷал Солиева, Мақсудҷон Мирзоабдуллоев, Улуғбек Хоҷаев нашр шудааст.

 

Сармуҳаррирони «Соҳил»:

Илҳом Раҳим Мадализода – солҳои 1998 – 2012;

Рустамҷон Ашӯрматович Одиев – солҳои 2012 – 2016;

Абдуманнон Иброҳимович Одинаев – аз соли 2016 то ба имрӯз.

Add comment


Security code
Refresh

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:762
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2176
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:762
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14988
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46290
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64046
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1064611

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар